tg.wikipedia.org

Ҳизби аграрии Тоҷикистон — Википедия

  • ️Sat Jan 20 2018

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҳизби Аграрии Тоҷикистон
Пешво: Рустам Барот Латифзода
Санаи асосгузорӣ: 15 ноябр 2005
Маром: аграрӣ[d]


Ҳизби аграрии Тоҷикистон — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон 15 ноябри соли 2005 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шудааст. Солҳои 2005—2014 — Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон — Қароқулов Амир Бӯриевич — доктори илмҳои кишоварзӣ (1994), узви вобаста (1994) ва узви пайваста (2001)-и Академияи илмҳои кишоварзӣ, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон буд. Аз соли 2014 раиси ҳизб Рустам Барот Латифзода мебошад.

24 декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо ҷонибдории вакилони Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода бори дигар Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд. [1].

Дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V тибқи пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд:

  1. Рустам Барот Латифзода
  2. Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов
  3. Толибек Аҳмадович Бухориев
  4. Маҳбуба Дусмуродовна Шоазизова
  5. Мунимҷон Абдусаматов
  6. Зайнудин Сафаров
  7. Абдуласан Шомансурович Мамадасанов
  8. Зулфия Қурбоновна Мирзода
  9. Аҳмадҷон Қобилов
  10. Неъматулло Шамсудинович Холмуродов
  11. Нуралӣ Сафарович Ниязов
  12. Абдукарим Меликмуродович Файзуллоев
  13. Меҳнатулло Фозилович Сироҷев сабти ном шуданд.[2]

Дар натиҷаи интихоботи 1 марти соли 2015 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ — Рустам Барот Латифзода (раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон), Толибек Аҳмадович Бухориев ва Мирзоанвар Халифаевич Ахмедов — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V интихоб шуданд[3]

Мувофиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шуда буданд: Тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: Ҳизби аграрии Тоҷикистонро - 4 нафар намояндагӣ мекунанд.

  1. Рустам Барот Латифзода
  2. Икромов Фазлиддин Маҳмазоитович
  3. Усмонов Мансур Саломович
  4. Холбойзода Неъматулло Холбой
  5. Сафаров Зайниддин
  6. Ахмедов Мирзоанвар
  7. Мусозода Шодӣ Абдухолиқ
  8. Мирзозода Музаффар Бурҳон
  9. Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло
  10. Ҳайдарзода Ҷонона Ҳайдар
  11. Ниёзов Нуралӣ Сафарович
  12. Сафарова Рупия Ҳакимовна
  13. Зиё Раҳмон[4]

1 марти соли 2020 интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати

Ҳизб Фоиз Курсӣ
     Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 50,40% 36 / 63
     Ҳизби аграрии Тоҷикистон 16,50% 4 / 63
     Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 16,61% 4 / 63
     Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 5,15% 1 / 63
     Ҳизби демократии Тоҷикистон 5,10% 1 / 63
     Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 3,11% 0 / 63
     Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 0,32% 0 / 63

раъйи интихобкунандагонро касб намуданд.

Ҳамин тариқ, тибқи рӯйхати ҳизбӣ дар парлумони нав: ҲХДТ-ро 12 нафар, ҲАТ-ро - 4 нафар, ҲИИТ-ро 4 нафар, ҲДТ-ро 1 нафар ва ҲСТ-ро 1 нафар вакил намояндагӣ мекунанд.[5]

12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 13 нафар ба қайд гирифта шуд:

  1. Латифзода Рустам Барот, таваллудаш соли 1960, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
  2. Икромӣ Фазлиддин Маҳмазоит, таваллудаш соли 1966, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
  3. Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло, таваллудаш соли 1975, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
  4. Холбойзода Неъматулло Холбой, таваллудаш соли 1972, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
  5. Ниязов Нуралӣ Сафарович, таваллудаш соли 1965, Раиси Шурои директорони ҶСП «ТАДЭС», сокини шаҳри Душанбе
  6. Қодиров Бобоҷон Мақсудович, таваллудаш соли 1991, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд, сокини ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд
  7. Мирзозода Музаффар Бурҳон, таваллудаш соли 1970, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон, сокини шаҳри Душанбе
  8. Исоқов Муродҷон Толибҷонович, таваллудаш соли 1986, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи “ДДБҲСТ”, сокини ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд
  9. Усмонзода Мансур Салом, таваллудаш соли 1961, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе
  10. Ҳотамова Муҳайё Ғафуровна, таваллудаш соли 1989, сармуаллими Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, сокини шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд
  11. Абдуллозода Одилҷон Пардаалӣ, таваллудаш соли 1982, мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, сокини шаҳри Ҳисор
  12. Аюбов Сино Хайруллоевич, таваллудаш соли 1986, сардори Раёсати кишоварзӣ дар ноҳияи Рўдакӣ, сокини ноҳияи Рўдакӣ
  13. Шоназар Ҷилваи Муносиб , таваллудаш соли 1981, сардори шуъбаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, сокини шаҳри Душанбе.[6]
  1. Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор шуд (tj). khovar.tj(пайванди дастнорас — таърих) (24 Декабри 2024). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
  2. Қарори №24 - Дар бораи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тибқи пешниҳоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот ва шахсони боэътимоди Ҳизби Аграрии Тоҷикистон. 10 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 марти 2015.
  3. КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
  4. [http://kmir.tj/2020/01/18/qarori-komissiyai-markazii-intihobot-va-rajpursi-3/ Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ 18.01.2020 аз тарафи КМИР ҶТ](тоҷ.). www.kmir.tj (18 Январ 2020). 4 апрели 2020 санҷида шуд.
  5. ИНТИХОБОТ-2020. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. 18 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 ноябри 2022.
  6. ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www. khovar.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.